"Ту кӣ ҳастӣ, ҷоғатро мешиканам." Таҳқири хабарнигорони Озодӣ дар Душанбе. ВИДЕО
     TJ RU EN
11:32 / 2024-11-16

"Ту кӣ ҳастӣ, ҷоғатро мешиканам." Таҳқири хабарнигорони Озодӣ дар Душанбе. ВИДЕО

Хабарнигорони Радиои Озодӣ Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи кори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз тарафи баъзе аз ронанда ва "кондуктор"-ҳо таҳқир шуданд. Ҳодиса 13-уми июн дар истгоҳи назди фурӯшгоҳи "Садбарг" рух дод. Мақомот ваъда доданд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд.

Хабарнигорон мехостанд, ҷараёни кори автобуси рақами чаҳорро ба навор гиранд, ки аз вақти муайяншуда дар истгоҳ бештар истодааст. Вақте ронандаву пулчини он диданд, ки ҷараёни корашон сабт мешавад, талош карданд, монеи кори хабарнигорон шаванд ва яке ба Шодмони Ятим, наворбардори Радиои Озодӣ дарафтод.

Шодмони Ятим гуфт, ронандаи автобус бо хашм аз гиребони ӯ гирифта, айнак ва корти хабарнигориашро ба замин ҳаво дод. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, онҳо аввал худро ба ронанда шинос карда, корти хабарнигориро ҳам пешниҳод намуданд.

"Вақте корти хабарнигориро ба ронанда нишон додам, таҳқиромез гуфт, ин чизе нест ва мо дар як дақиқа метавонем 10 чунин ҳуҷҷат омода кунем", -- нақл кард хабарнигор.

Дар наворе, ки ҳамкорони мо тавонистанд лаҳзае аз он ҳолатро сабт кунанд, дида мешавад, ронандаи автобус бо таҳдид аз гиребони хабарнигори Радиои Озодӣ дошта, дашному ҳақорат мекунад. Ӯ бо асабоният дар посух ба суоли Шодмони Ятим, ки мехоҳад худро муаррифӣ кунад, мегӯяд, "ту гусфанд, рав аз ин ҷо". Нафари дигар ҳам мегӯяд, "ту худат кӣ ҳастӣ? Мезанам, ҷоғат мешиканад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: Таҳқири хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе

Ҳодисаро мусофирони дохили автобус ва ҳам мардуме, ки дар истгоҳ буданд, мушоҳида кардаанд. Алишер Зарифӣ, хабарнигори дигари Радиои Озодӣ мегӯяд, каме дуртар аз онҳо нозирони роҳ ва намояндагони бахши нақлиёти Душанбе ҳам буданд. Ба суоли хабарнигорон, ки чаро онҳо наздик нашуданд ва дахолат накарданд, пулиси роҳ гуфтааст: "Шумо ба мо муроҷиат накардед."

Алишер Зарифӣ гуфт, агар ронандаро ҷудо намекарданд, эҳтимол баҳс аз даст ба гиребон шудан ба латту кӯб мепечид.

Бори аввал нест, ки хабарнигорон ҳангоми кор мавриди таҳқиру ҳамла қарор мегиранд. Зиёд иттифоқ меафтад, ки дар роҳу хиёбон ва ҳам ниҳодҳои мухталиф ҳангоми сабти садову навор хабарнигорон таҳқиру таҳдид мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо ҳам ин то ба гиребонгирӣ ва дарафтодан ба журналист анҷом меёбад. Ду моҳи пеш як хабарнигори тоҷик бо иддаои таҳқир шудан аз ҷониби як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Додситонии кул шикоят карда буд.

Масъулони НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯянд, ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз тақрибан даҳ журналист шикоят мегиранд. Истифодаи алфози қабеҳ аз тарафи масъулон, масъалаи дастрасӣ ба иттилоъ, таҳдид, фишори равонӣ, таъқиб аз мавзӯъҳои шикояти хабарнигорон будааст.

https://www.ozodi.org/a/29997406.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима